РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2024 285 номзад пешниҳод гардид

Барои дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2024, ки фасли тирамоҳ дар Норвегия тақдим мешавад, 285 номзад талабгор гардидаанд. Тавре дар изҳороти институти Нобели Норвегия омадааст, 196 нафар ва 89 созмон барои дарёфти ҷоиза пешбарӣ шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Як сол қабл институт 351 номинатсияро сабт намуд ва рекорди шумораи онҳо — 376   соли 2016 гузошта шуда буд.

Қаблан расонаҳои Норвегия ва ҷаҳонӣ дар бораи пешбарии номзадии Дабири кулли НАТО ва собиқ сарвазири Норвегия Йенс Столтенберг, миллиардери амрикоӣ Илон Маск, муассиси WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ, табиатшиноси бритониёӣ Дэвид Аттенборо, собиқ президенти ИМА Доналд Трамп, Попи Рим Франсис ва Дабири кулли СММ, Шурои Аврупо, ЮНЕСКО, Суди байналмилалӣ (СММ), Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, Агентии кумак ва кор бо гурезаҳои фаластинии Созмони Милали Муттаҳид дар Шарқи Наздик ва комиссари генералии он Филипп Лазарини иттилоъ дода буданд.

Номзадҳоро барои ҷоиза то 31 январ пешбарӣ намудан мумкин буд, баъди ба охир расидани ин муҳлат ҳуқуқи пешбариро танҳо аъзои кумита нигоҳ медоранд, ки метавонанд онро дар вохӯрии аввалинашон, ки одатан моҳи феврал баргузор мешавад, истифода баранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram