РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Баҳодур Шерализода бо вазирони муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли САҲА мулоқот кард

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода 4 марти соли ҷорӣ дар мулоқоти сатҳи баланд байни вазирони муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот роҳбарони мақомотҳои ҳифзи табиат аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон, инчунин Дабири кулли САҲА иштирок варзиданд. Мавзуъҳои асосӣ дар ин вохӯрӣ тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, ҳифзи муҳитизист, дипломатияи обӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ буданд.

Дар суханронии раис диққати махсус ба ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва қатъномаи дахлдори Ассамблеяи Генералии СММ дода шуд. Ҳамчунин, раиси Кумита ҳамаи иштирокчиёнро даъват намуд, ки дар конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Дар фарҷоми суханронии худ, Баҳодур Шерализода аҳамияти ҳамкории минтақавиро дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист таъкид намуданд. Иштирокчиён стратегияҳои таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири онро муҳокима намуданд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи захираҳои табиӣ, гуногуниибиологӣ ва паст кардани сатҳи ифлосшавӣ диққати махсус дода шуд. Инчунин, тадбирҳои самарабахши ҳифзи муҳити зист муҳокима гардида, зарурати талошҳои муштарак оид ба мубориза бо таназзули муҳити зист таъкид гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram