РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон. Масъалаи ба роҳ мондани парвозҳо миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Боку баррасӣ шуд

Дар доираи Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳабо ба Хатлони бостон”, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров дидору мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.

Ҳамчунин, дар идомаи мулоқот доир ба масъалаи ба роҳ мондани хатти парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Боку табодули назар карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram