РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар маҳаллаи Сангтӯдаи деҳоти Ворух бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд

5 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара ба Ҷамоати деҳоти Ворух сафар кард. Дар маҳаллаи Сангтӯдаи ҷамоат бо иштироки роҳбари вилоят бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуд.

Бунгоҳи тиббии маҳаллаи Сангтӯда дар доираи лоиҳаи «САSA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ бо маблағи беш аз 733 ҳазор сомонӣ анҷом дода шуда, панҷ утоқ ба маблағи зиёда аз 184 ҳазор сомонӣ таҷҳизонида шудааст.

Бунгоҳи тиббӣ дорои панҷ утоқ буда, аз ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, тибби оилавӣ, доругузаронӣ, ҳуҷраи занона ва ҳуҷраи хатнакунӣ иборат мебошад.

Зимни ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ зикр гардид, ки сиҳатии омма ва муҳайё кардани шароит дар ҳамаи гӯшаҳои вилоят барои расонидани хизматрасонии тиббӣ аз афзалиятҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр маҳсуб меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram