РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канории дар ҳошияи Комиссияи 68-уми мақоми занонро баргузор намуд

11 марти соли 2024 дар ҳошияи Комиссияи 68-уми мақоми занон Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар шарикӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), намояндагиҳои доимии Малта, Албания, Канада, Италия ва Шветсия дар СММ чорабинии канориро дар мавзӯи “Тавонмандсозии занон барои адолат: пешбурди баробарии гендерӣ дар стратегияи пешгирӣ ва баромаданд аз ҷиноятҳои муташаккил” баргузор кардааст.

Тавре саҳифаи фейсбукии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ додааст, зимни чорабинии мазкур оид ба нақши занон дар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ муҳокима гардида, зарурати таҳияи вокуниш ба адолати гендерии судӣ ва стратегияи пешгирӣ ва баромаданд аз ҷиноятҳои муташаккил қайд гардид.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи доимии кишвар дар баромадаш қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди баробарии гендерӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ ва бахусус дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чораҳои заруриро оид ба пешгирии шомилшавии занон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ меандешад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram