РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карданд

9 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар боғи ба номи Садриддин Айнии пойтахт ҳамроҳ бо роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

“Тибқи анъанаҳои қадимии мардумии мо дар баробари бунёди хонаи худ ва тарбияи фарзандон шинонидани дарахт яке аз аъмоли шарифтарин ба шумор меравад ва бо фарорасии баҳор чорабиниҳои зиёде бахшида ба кабудизоркунии гӯшаҳои гуногуни кишвар ва дигар корҳои созанда ташкил карда мешаванд”, — зикр намуд, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни чорабинӣ.

Ҳамзамон, вазир дар бораи барномаи ҳукуматӣ оид ба кабудизоркунии кишвар то соли 2040, ки дар асоси дастурҳое ки дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қабул гардидааст, ёдовар шуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳим дар соҳаи об, экология ва тағйирёбии иқлим мебошад ва ин гуна чорабиниҳо таҷассуми амалии амалҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мебошанд.

“Дар робита ба ин, мо шуморо даъват кардем дӯстони муҳтарам, то дар арафаи ҷашни баҳорӣ шодии моро бо шумо мубодила намоем ва кабудизоркунии кишварамонро идома диҳем”, – афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар доираи чорабинӣ инчунин маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram