РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар канори роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ беш аз 6 миллион ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд

Дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027» беш аз 6 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонида мешаванд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд.

Дар маҷмуъ дар доираи татбиқи ин барнома дар Тоҷикистон то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион бех дарахту буттаҳо, беш аз ҳама дарахтони мевадиҳанда, хуч ва санавбар сабзонида мешаванд.

«Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2023 ба тавсиб расид, дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, ба коҳиш додани таъсири манфии омили инсонӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст.

Барнома дар ду марҳила амалӣ мешавад. Марҳилаи аввал солҳои 2023-2025 ва марҳилаи дуюм солҳои 2026-2027 — ро дар бар мегирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram