Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона дар майдони Нишони шаҳри Бохтар таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.
Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
Бояд гуфт, ки либоси миллӣ пояи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми асрҳо зебоияшро гум накардаву минбаъд низ гум наменамояд.
Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан – модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо, ки дар ҳама давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси миллат ба шумор мерафт, пеши назар меояд, зеро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат мебошад ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст.