Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯз-эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хабар доданд.
Нахуст, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ бо ҳайати меҳмонон — Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Қурбонов, узви вобастаи Академияи миллииилмҳои Тоҷикистон аз дастархони Наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилалӣ буд, дидан намуданд. Таомҳои миллии Наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.
Чорабиниро Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд.
Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, он зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар як хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.
Дар идомаи чорабинӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиён Муҳаммад Султонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Икром Қурбонов, узви вобастаи Академияи миллииилмҳои Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ омӯзгороне, ки дар соли равон барои гирифтани рисолаҳои дотсентӣ ҳуҷҷатҳои хуро пешниҳод намуда буданд, дипломҳояшон супорида шуд. Ҳамчунин, як қатор омӯзгорон бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Левакант”-и донишгоҳ барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсу суруд пешкаши иштирокчиён карда шуд.