19-уми март, соати 10, дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода базми наврӯзӣ барпо мешавад. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Дар он шоирони номвар ва ҳунармандони ансамбли «Шамс» таҳти раҳбарии овозхони маҳбуб Нобовар Чаноров, ҳамчунин меҳмонони форсизабон шеърхонӣ ва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Сарпарасти базм – Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иштирок хоҳишмандон озод аст.