РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст

Ба шарафи Наврӯзи оламафрӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон чун арзи эҳтиром ба анъанаҳои миллии ниёгон дастархони идонаи наврӯзӣ меороянд ва мардум аз файзу баракати рӯзгор шукргузорӣ менамоянд. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати пухтупази халқи тоҷик давоми садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст. Ҳамин аст, ки меҳмононе, ки ба мамлакати мо ба саёҳат меоянд, хўрокҳои моро меписанданд ва ба тарзи тайёр карданашон мароқ зоҳир менамоянд.

Таомҳои наврӯзӣ, ба мисли суманак, ширбиринҷ, самбӯса, оши палав, оши бурида, гандумкӯча писанди ҳамагон ҳастанд. Ин хӯрокҳо на танҳо лазиз ҳастанд, балки хусусияти шифоӣ ҳам доранд. Зеро аксари онҳо аз гандум, донагиҳо ва гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла шибит, пудина, райҳон, ҷамбилак ва ғайраҳо омода мешаванд, ки барои саломатӣ муфид мебошанд.

Суманак

Як навъ хӯриши наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Барои тайёр кардани он ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳояшон дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба ҷашнгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманак мепазанд.


Гандумкӯча, дангича (далда)

Далда ё боҷ хӯроки наврӯзие аст, ки дар баъзе аз минтақаҳои мамлакат онро гандумкӯча ё ин ки дангича ном мебаранд. Ин намуди таоми наврӯзӣ аз шикамба, почаки гов ё гӯсфанд ва ҳафт намуд зироати донагӣ, ба монанди гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид ва мош омода мешавад.

Ҳамаи маҳсулоти номбаршударо дар зарфи калон якҷоя карда, ба он оби бисёр илова менамоянд ва дар муддати як шабонарӯз онро дар оташи паст омода менамоянд. Ин навъи таом мисли суманак як шабонарӯз омода мешавад.

Оши палав

Оши палав яке аз хӯрокҳои маъмулу серғизо буда, дар тамоми ҷашну маъракаҳои мардуми тоҷик серистеъмол мебошад. Мояи ифтихор аст, ки ин хӯрок ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Тавре дар созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО гуфта шудааст, «палав дар ин давлати Осиё як ҷузъи мероси умумии фарҳангӣ аст».


Зиёда аз 200 тарзи пухтани оши палав мавҷуд аст. Ин таом аз гӯшту биринҷ, сабзиву равған ва пиёз омода шуда, ба он мувофиқи табъ нахӯду мавиз ва дигар хӯшбуйкунандаҳоро ҳамроҳ менамоянд.

Ширбиринҷ

Он асосан аз ду маҳсулот омода шуда, барои лазизтару хушхӯр шудан ба он каме намаку равғани маска ё равғани зард ва шакар ҳамроҳ мекунанд. Бояд гуфт, ки ширбиринҷ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун таоми миллӣ хеле арзишманд аст.


Инчунин хони идонаи наврӯзии тоҷиконро дигар намуди таомҳо, ба мисли хамирӣ, гӯштӣ ва сабзавоту гиёҳҳои ширфобахши фасли баҳор оро медиҳанд, ки инҳо аз ҷиҳати таъм лазиз буда, хусусияти давогӣ низ доранд.

Оши тупа ё оши бурида

Оши туппа -хӯроки аз хамир омодашуда буда, хамири дар он истифодашавандаро паҳн ё чоркунҷа ва дар дигар ҳолат дароз мебуранд. Дар оби ҷўшида истода, ки ба он алафҳои баҳорӣ андохта шудааст, хамирҳои буридашударо мепартоянд.

Ба ин хўрок ҳам нахуду лўбиё ҳамроҳ мекунанд.

Шакароб

Шакароб хӯроки маъмули мардуми тоҷик ба шумор меравад. Онро бо истифода аз фатир, чакка ё дӯғ, гиёҳҳои сабз, сирпиёз, помидор ва бодиринг омода менамоянд. Он дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ ба таври хосса омода карда мешавад.


Самбӯса

Яке аз хӯрокҳои маъмул дар байни аҳолӣ буда, барои тайёр кардани он орд, об, намак ва равғани зард, гӯшти қиммашуда, пиёз ва мурчу зира лозим аст. Самбӯса якчанд навъ мешавад: самбӯсаи танӯрӣ, самбусаи варақӣ, кадугӣ ва алафӣ. Дар баҳорон асосан аз алаф самбӯса мепазанд.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram