РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд

29 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. 

Зимни ҷаласа сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидаанд, ба мувофиқа расониданд.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин дар доираи ин чорабинӣ Форуми байналмилалии иқтисодии Иттиҳод баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии он иштирок намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram