Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон, инчунин вазорату идораҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласа муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Фарҳод Восидиён баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои нави кор, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати таълим, бунёди мактабҳои нави замонавӣ, дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва дар маҷмуъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.
Дар ин раванд рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, инчунин сармоягузорию соҳибкорӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ гардид.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул шуд.