РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар як рӯз пурра иҷро гардид

Соли шашум аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамояд. Ба ин муносибат, имрӯз дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ гусели даъватшавандагон ба сафи ҚМҶТ бо тантана баргузор гардид, ки дар он Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарият ва масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону наваскарон, волидон, собиқадорони меҳнат, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳо дар маросими гусели навдаъватшудагон иштирок доштанд. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Нахуст аз назди майдони И. Сомонӣ то боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ “Чорбоғ”раҳпаймоии оммавӣ бо ҷалби табақаҳои гуногуни ҷомеа доир шуд.

Зимни баромад раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид дошт, ки тайи шаш соли охир ҷавонони шарафманди ВМКБ, бо дарки амиқи рисолати хизмат ба халқу Ватан, ҳифзи якпорчагию ягонагии давлат, ба ҷо овардани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва ҳимояи арзишҳои волои миллиамон, нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро, дар рӯзи аввали маъракаи даъват, сарбаландона иҷро менамоянд.

Чунин муносибати масъулиятнок ва бузургу ватандӯстии ҷавонони вилоят чандин маротиба аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам . Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои сатҳи баланд садо дода, он ҳамчун нишонаи садоқат ба Тоҷикистони азиз ва намунаи ибрат барои дигарон маънидод карда шуд.

Раис вилоят аз он ёдовари намуд, ки дар масири рушди мамлакат, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат сол ба сол заминаҳои моддию таҷҳизотии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам гардида, баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ низ чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд.

Аҳли ҳунари вилоят бо барномаи фарҳангии худ наваскаронро ба хизмати Модар — Ватан раҳсипор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram