Имрӯз раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо Ҷастин Бредфилд- Сардори шуъбаи иртибот, таблиғот ва ҳамкории ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуотии кумита Зафар Қаюмзода хабар дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти ҳамкории байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар оғоз раиси кумита Нуриддин Саид доир ба фаъолияти телевизиону радиоҳои Тоҷикистон мухтасар маълумот дода, таъкид дошт, ки барои тавсеаи муносибатҳо заминаҳои боэътимод фароҳам аст. Ва ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ ҳамкории самарабахш намоянд.
Дар вохӯрӣ таҳияи филмҳои аниматсионии бисёрсериягӣ бо забони тоҷикӣ ва пахши он тариқи «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» махсус таъкид гардида, омода ва пешниҳоди барномаҳои маърифатию забономӯзӣ барои кӯдакон низ баррасӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон» ба фаъолият шурӯъ кард. Ин шабака ҳамарӯза бинандагони хурдсоли худро бо барномаҳои ҷолибу диданӣ шод мекунад.