РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар мавзуи «Махтумқулӣ Фарохӣ — тарбиягари идеяи бародарии халқҳо» ҳамоиш доир шуд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президентҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон, олимону зиёиёни илмӣ ва эҷодии ҳарду мамлакат дар мавзуи «Махтумқулӣ Фарохӣ — тарбиягари идеяи бародарии халқҳо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири Шарқу туркман Махтумқулӣ Фарохӣ доир шуда, президенҳои академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон изҳор доштанд, ки ҳамкории дучониба дар самти илмро густариш дода, барои ба даст овардани натиҷаҳои илмии назаррас талош менамоянд.

Дар ҳамоиш олимону зиёиёни ду мамлакат доир ба моҳияти ин мавзуъ баёни ақида намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистон бо Туркманистон дар низоми мутақобилан судманд густариш ёфта, чандин созишномаву санадҳои зарурӣ ба тасвиб расонида шудаанд. Дар оянда қарор аст, ки муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон дар низоми сифатан нав ҳамкориро густариш диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо азму талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Туркманистон шарики стратегӣ буда, дарин замина дар соҳаҳои гуногун ҳамкории густурда барқарор намудаанд. Маҳз дӯстиву бародарии роҳбарони ин ду мамлакат аст, ки робитаҳои давомдор ва ҳамкории мутақобилан судманд дар низоми давлатдории ду мамлакат мустаҳкаму устувор гардидаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram