РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо роҳбари комиҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал мулоқот кард

5 апрели соли 2024 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо раиси комиҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби ҷаноби Оразбой Асхат Тутхишбоевич баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд .

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи татбиқи қарорҳои EC IFAS ва ICSD-ро мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор доданд. Раиси Кумита Шерализода Б. А. зарурати дохил кардани Маркази минтақавии идоракунии партовҳо, ки дар шаҳри Душанбе таъсис гардидааст, ба сохтори нави EC IFAS ва ҷалби маблағгузории фаъолияти самараноки онро қайд намуд.
Ҳамзамон, ба масъалаи иҷрои Барномаҳои минтақавии вобаста ба муҳити зист барои рушди устувори Осиёи Марказӣ то соли 2030 таҳти таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор гирифт.

Раиси Кумита аҳамияти ҳамкории байналмилалиро оид ба татбиқи қатъномаи СММ дар бораи эълони соли 2025-ро Соли ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конференсияи сатҳи баланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ёдовар намуд, иқдоми якҷояи экспедитсияи минтақавии тадқиқоти пиряхҳоро бо мақсади омода намудани гузориши таҳлилӣ барои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, айни муддао ҳисобид.

Тарафҳо ба мустаҳкам намудани минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи минтақавӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, дар баррасии масъалаҳои вохӯрии доиршуда ба мувофиқа расиданд.



Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram