РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Мактаби байналмилалии театрии Александринский баргузор мешавад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Мудири театри драмавии миллии Русия (Театри Александринский) Сергей Емелянов мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкории  Тоҷикистон ва Русияро дар соҳаҳои фарҳанг, аз ҷумла масъалаҳои ташкили мубодилаи театрҳо дар қаламрави ду давлат, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва инчунин тақвият додани ҳамкорӣ  байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин  масъалаи аз 24 то 27 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Мактаби байналмилалии театрии Александринский муҳокима гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram