РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаи синамоии муштараки “Сукут дар кӯҳҳо” муҳокима гардид

11-уми апрели соли 2024 дар толори мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ бо иштироки мутахассисони соҳа, гурӯҳи эҷодии киностудияи “Лендок”, мутасаддиён вазорату идорахои дахлдор лоиҳаи синамоии муштараки “Сукут дар кӯҳҳо”, ки дар асоси Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҶС Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» наворбардорӣ мегардад, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Аз 10-ум то 14-уми апрели соли 2024 гурӯҳи эҷодии киностудияи “Лендок” дар ҳайати Телнов Алексей Николаевич-продюсер ва Бейсеуов Серик Калиммуллаевич-муҳаррир ба хотири такмилу таҳрири пурраи филмнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.

Дар ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қушунаҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ иштирок карда, доир ба филмнома назару андешаи хешро иброз намуданд..

Хати сужа ва муҳтавои филмнома пурра тағйир дода шуда, бо дарназардошти манофеи миллӣ ва тақвият бахшидани номоди қаҳрамони асосии филм филмнома дар шакли нав омода ва ба Шурои бадеии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пешниҳод карда мешавад.

Хотирнишон менамоем, ки қаблан гурӯҳи эҷодии «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» аз 25-уми феврал то 4-уми марти соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, якҷоя бо гурӯхи эҷодии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” маконҳои наворбардорӣ дар Қалъаи Ҳисор, дараи Ромит, дараи Варзоб, обанбори Норак, ҷойҳои зебои шаҳри Душанбе дидан намуда, барои наворбардорӣ интихоб гардиданд. Ҳамзамон, дар толори Мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” ба номи Муҳаббат Сатторӣ кастинг интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ баргузор карда шуд.

Таъкид гардид, ки саҳнаҳои филм дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, вилоятҳои Хатлон, Суғд, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ҶДММ «Кохи Наврӯз», боғҳои фарҳангии кишвар наворбардорӣ хоҳанд шуд.

Дар давраи омодагӣ, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди мутахассисони соҳа филмнома пурра такмил дода шуда, ба талаботу шароити филмбардорӣ мутобиқ карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram