Дар Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазирон масъалаи муҳими муносибаҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар бораи омодагӣ оид ба гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар даҳаи сеюми моҳи май ва ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар нимаи якуми моҳи июни соли 2024 табодули афкор намуда шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима шуданд.