РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

12 снаряд ба абрҳои жолазои манотиқи гуногуни Тоҷикистон партоб шуд

Бо мақсади ҳифзи растаниҳои кишоварзӣ аз жола 15 апрел Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои безараргардонии жоларо анҷом дод. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истифода аз 12 снаряди зиддижола дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 5 хатари раъду барқро бартараф карданд.

Бо ин иқдом садҳо гектар заминҳои кишти зироати гуногуни кишоварзӣ ва боғҳо аз хатари эҳтимолӣ ва зарари жола эмин монданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram