Дирӯз дар шаҳри Тошканд дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошканд» ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар доданд.
Санадҳои муҳими ҳамкорӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва ректорони донишгоҳҳои Узбекистон ба имзо расонида шуданд.
Имзои ёддоштҳо имкон медиҳад, ки минбаъд ҳамкорӣ дар заминаи табодули академӣ, даврҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва амсоли ин амалӣ шавад.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории судмандро бо 38 муассисаи олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ амалӣ намуда, тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бонуфузи дунё тавсеа бахшад.