Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2023» дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, «Омӯзгори сол-2023»-10 ҳазор сомонӣ ва ба «Хонандаи сол-2023»- 6 ҳазор сомонӣ ҷоизаҳои молиявӣ тақдим мегарданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тақдими мукофотпулиҳо ба ғолибон дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар буда, ҳадаф аз он дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол таҷлили он ба 20 апрел рост меояд.