РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад

Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад, иттилоъ медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Имрӯз роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо қитъаҳои таъмирталаби роҳи Ҳисор-Айнӣ-Душанбе шинос шуда, барои дар рӯзҳои наздиктарин таъмир намудани он ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз изофанависӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми кор ва маблағи дигар хароҷотро мутахассисон қаблан таҳлил ва ҳисоб намуда, барои тасдиқ ба роҳбарияти шаҳр пешниҳод намоянд.

Инчунин роҳбарияти шаҳр дар Ҷамоати деҳоти «Сомон» бо корҳои ободонӣ дар ипподроми шаҳрӣ ва вазъи тозагии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода шинос гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram