РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон мулоқот кард

26 апрели соли 2024 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Шарифов баргузор гашт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбоҷон табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба машваратҳои дуҷонибаи сиёсии ва консулӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои мусбат ва дӯстона сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram