РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тадқиқоти нав доир ба ҳолат ва бозори расонаҳои Тоҷикистон муаррифӣ мешавад

2 май дар Душанбе муаррифии тадқиқоти нави «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо» баргузор мегардад.

Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад, яъне шаҳрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд. «Тадқиқоти мазкур бори чаҳорум баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тадқиқотҳои пешина солҳои 2018, 2019 ва 2022 баргузор шуданд. Дар ҳар боби тадқиқот маълумот дар бораи вазъи ин ё он ВАО-и махсус, арзёбии муқоисавии натиҷаҳои бадастомада ва таҳлили мухтасар оварда шудааст.

Тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ (телевизион, радио ва матбуот), балки абзорҳои нави интишори иттилоъ – интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро низ фаро гирифтааст. Паҳншавии муҳтавои расонавӣ тавассути Интернет дар тамоми ҷаҳон афзоиш меёбад ва Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Суръати афзоиш баланд аст. Ва то кадом андоза ин ба фарогирии ВАО-и анъанавӣ таъсиргузор хоҳад буд, метавон бо мутолиаи тадқиқоти мо маълум кард, ки дар он ба азхудкунии фанновариҳои нав аз ҷониби сокинони Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёде равона шудааст.

Дар маҷмуъ дар тадқиқот зиёда аз 2507 посухдиҳанда аз саросари ҷумҳурӣ ширкат кардаанд ва замони баргузории назарсанҷӣ: моҳҳои январ ва феврали соли 2024-ро дар бар мегирад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram