2 майи соли 2024 дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷиҳати омодагӣ ба 15-умин Саммити исломии дарпешистода баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар кори ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин иштирок намуд.