РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ раванди корҳои демаркатсионӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон омода шуданд.

Вохӯрӣ дар руҳияи ҳампаймонӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram