РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба иштирокчиёни ҶБВ туҳфаҳои пулии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом собиқадорони ҷангу меҳнат аёдат карда шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз ҳоли сокини 98 солаи шаҳри Конибодом, иштирокчии ҶБВ Абдуваҳҳоб Махкамов хабар гирифтанд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки диловариву ҷонфидоӣ, корнамоӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи Ватан дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардида, барои ҳамеша намунаи ибрат аст.

Ба иштирокчии ҶБВ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миқдори 40 000 сомонӣ ва аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 7 000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шуд.

Сипас, ба якчанд нафароне, ки дар ақибгоҳ меҳнати фидокорона намудаанд, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилоят ва шаҳрҳои Конибодому Исфара кӯмакҳои пулӣ супорида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram