РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа. Ислоҳот дар ин соҳа бомаром идома дорад

Ҳамасола 7 май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки санаи 7-уми майи соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ кард. Ҳамзамон чунин ихтироот боис гардид, ки бевосита алоқаи бесим барои инсоният фароҳам шавад. Бо гузашти чанд сол ва густариши алоқаи бесим бори аввал соли 1925 7-уми май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа  ҷашн гирифта шуд. Аз соли 1945 бошад то имрўз њамасола 7-уми май ҳамчун Рўзи  радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа пайваста таҷлил мегардад.

Имрӯз соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ба муҳимтарин бахш дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ табдил ёфта истодааст, зеро алоқаи мобилӣ ва интернет, ба рушди соҳаҳои бисёр таъсири бевосита дорад. Ҳамин аст, ки раҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми имкониятҳоро муҳайё месозад, то бо ислоҳоти ҷиддӣ самаранокии соҳаи алоқаро барои ҷомеа ва давлат афзоиш диҳад. Ба баҳонаи Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа ба вазъи соҳаи алоқа дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муруре хоҳем кард.

Дастуру ҳидоятҳои мустақими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ислоҳоти соҳа заминаи рушду густариши соҳаро муҳайё сохта, аҳамияти алоқаи барқиро ба маротиб боло бурд. Яке аз ҳадафҳои раҳбарияти кишвар бо рушди бемайлони соҳа муносиб намудани хизматрасониҳои алоқаи барқӣ бо шароити иқтисодию иҷтимоии ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 оид ба суръат ва сифати интернет дар ҳудуди Тоҷикистон таъкид гардида буд, ки «рушди соҳаи алоқа, бахусус таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз ин лиҳоз Хадамоти алоқа вазифадор аст, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст намудани арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои гуфташуда ва бо назардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбута вазифадор мешаванд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд». Инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” санаи 22-юми июни соли 2023, таҳти рақами №586 содир гардид, ки сирф хислати иҷтимоӣ дошта, бо рушди инфрасохтори алоқа ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ифода мекунанд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи барқӣ беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, махсусан паст намудани арзиши интернети мобилӣ ва собит, зангҳои телефонӣ ва таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқаи мобилиро дар авлавияти фаъолият хеш қарор додааст.

Бояд гуфт, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаро ҳамсон бо меъёрҳои байналмилалӣ идома медиҳад. Бо ин мақсад тавсияҳои Бонки умумиҷаҳониро ба инобат гирифта, ислоҳоти ҷорӣ бо ин тавсияҳоро ҳамоҳанг месозад.   Дар ин хусус банди аввали “Бахши телекомуникатсия ва пайвасти рақамӣ”-и Матритсаи тасдиқшудаи чорабиниҳои Лоиҳаи  “Тоҷикистони рақобатпазир, фарогир ва устувор”, ки бо ташаббуси Бонки умумиҷаҳонӣ пешниҳод шудааст, аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  комилан қобили қабул буда, дар ҳамоҳангӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии иҷроиш қарор дорад.

Дар меҳвари ислоҳоти соҳаи алоқа бартараф намудани мушкилоту монеаҳо дар рушду ташаккули соҳа, муносиб намудани хизматрасониҳои алоқа ба ниёзмандиҳои ҷомеа, танзими соҳа бо меъёрҳои байналмилалӣ, таъмини шаффофият, шароит фароҳам намудани барои  пайвасти мустақими операторони барқии ватанӣ бо шабакаҳои телекоммуникатсионии байналмилалӣ, боло бурдани сатҳи фарогирии алоқаи мобилӣ дар кишвар ва монанди инҳо қарор дошта,  бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли ахир ин раванд суръати тоза касб намуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2024 шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар соли 2024  7,8 млн нафар мебошад, ки 89,5 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Аз ин 61,94 фоиз мардҳо 37,8 фоиз занҳо ва 1,91 фоиз идораву корхонаҳо мебошад. Шумораи корбарони интернети мобилӣ ва собит 4,1 млн нафар мебошад.  Дастрасу муносиб гардонидани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва боло бурдани кайфияти суръати онҳо яке аз авлавиятҳои фаъолияти масъулин соҳа мебошад. Бо афзоиши иқтидор ва зарфияти техникии  шабакаҳои мобилӣ ва алоқаи собит тамоми тарофаҳои  хизматрасониҳои  алоқаи барқӣ ва дастрасӣ ба интернети мобилӣ ва собит  мавриди бозбинӣ қарор гирифта, дар натиҷаи ворид намудани тағйирот  дар онҳо  арзиши миёнаи тарофаҳо дар муқоиса бо моҳҳои аввали соли 2023 беш аз 100 фоиз барои муштариён паст карда шудааст.

Ҳамчунин суръати интернет яке аз унсурҳои муҳим барои истифодабарандагони интернет ба шумо меравад. Аз маълумотҳои расмӣ бармеояд, ки суръати дастрасӣ ба интернет барои  ҳар корбар дар соли 2024 ба 30-32 мегабайт дар сония расид. Ин дар ҳолест, як сол қабл суръати дастрасӣ ба интернет барои  ҳар корбар 10-20 мегабайт дар сонияро ташкил медод. Ин натиҷаи ислоҳоти соҳаи алоқа дар бештар аз як соли ахир аст.

Бо идомаи талошҳои масъулин суръати интернет бештар хоҳад шуд. Боис зикри хос аст, ки зарфият ва гунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет бо иловаи  каналҳои эҳтиётӣ ба  андозаи 400 гигабайт дар сония густариш дода шудааст.  Ин дар суратест, ки солҳои қаблӣ зарфият ва гунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет ба маротиб кам буд. Боиси зикр аст, ки афзоиши зарфият ва гунҷоиши техникии каналҳои берунаи дастрасӣ ба интернет яке аз натиҷаҳои он аст, ки операторони алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои инфрасохтори муносиб мебошанд, иҷозатномаи  барқарории пайвасти мустақим бо шабакаҳои телекоммуникатсионии байналмилалиро аз Хадамоти алоқа дарёфт карданд. Хадамоти алоқа омода аст, ки дар сурати мутобиқ шудани инфрасохтори лозима ба тамоми операторони  барқӣ иҷозатнома бидиҳад.

Дастрасу муносиб гардонидани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва боло бурдани кайфияти суръати онҳоро тарофаҳое, ки аз ҷониби операторони мобилӣ пешниҳод мешаванд, исбот менамоянд. Чанд намуна аз операторони мобилӣ воқеиятро бармалотар менамояд.

“МегаФон Тоҷикистон”: Дар доираи тарофаҳои “МегаФон Тоҷикистон” ҳангоми пайвастшавӣ ба шабака дар семоҳаи аввали соли 2023 бо нархи 50 сомонӣ 1,5 ГБ трафики интернет дода мешуд. Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳангоми пайвастшавӣ ба шабака ба маблағи 50 сомонӣ ба муштарӣ на камтар аз 10 ГБ трафики интернетӣ дастрас мегардад. Фарқият:  7 баробар

Ширкати ZET-Mobille: Арзиши миёнаи 1ГБ интернет дар семоњаи аввали соли 2023 7,5 сомониро ташкил медод, дар семоҳаи аввали соли 2024  бошад 1ГБ ба 1 сомонӣ баробар гардидааст. Фарқият беш аз 7 баробар аст.

“Вавилон мобайл”: Тарофаи  МобиПакет NEW дар аввали соли 2023 7000 МБ  бо 99,1304 сомонӣ фурӯхта мешуд, ки арзиши 1 Мб 0,0142 дирамро ташкил медод. Тарофа бо номи “Mobi ULTRA  Mobi ULTRA” дар соли 2024 35000 МБ бо 99,1304 сомонӣ пешкаш мешавад,  арзиши 1МБ 0,0028 ба дирам расидааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки арзиши интернет беш аз 5 баробар арзон шудааст.

Маълумотҳои овардашуда бори дигар исбот месозанд, ки нишондиҳандаҳои “Рейтинги дастрасии Mobile Data Affordability Index”, ки дар мисоли Тоҷикистон нархи миёнаи тарофаҳои бо 10 ГБ 13,77 доллар, яъне тақрибан 150 сомонӣ гуфта буд, комилан беасос ва дур аз воқеият аст.

Дар зимн, тавре ҷомеа огоҳ аст,  қаблан Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронӣ ва мухолифати худро ба талошҳои бархе операторони мобилӣ ҷиҳати боло бурдани тарофаҳои алоқаи барқӣ аз тариқи ВАО изҳор намуда буд. Хадамоти алоқа ба сифати мақоми ваколатдори соҳаи алоқа  ба мавқеи худ такроран таъкиди ҷиддӣ намуда, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок меҳисобад. Хадамот бар ин назар аст, ки ширкатҳои мобилӣ бояд нархҳои мавҷударо паст карда, сифати хизматрасониро беҳтар кунанд, на ин ки нархҳоро бо баҳонаи иҷораи бино ва арзиши неруи барқ бештар намоянд.

Дар заминаи ислоҳоти соҳа дар соли 2023 1045 адад исгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ насб ва таҷдиду навсозӣ гардиданд. Дар се моҳи аввали соли 2024 бошад 65 адад исгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ насб шудааст. Ҳамчунин соли 2023 505,5 километр хатти нахи нурӣ кашида шудааст. Ин нишондиҳанда дар семоҳаи аввали соли 2024 67 кмро ташкил медиҳад.

Таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқа дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома дода мешавад. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бо нуфузи байналмилалӣ маҷмуан  8 ҳазор истгоҳҳои базавии алоқа таҷдиду навсозӣ мегардад. Гуфтанист, ки  ба далели ҷуѓрофияи кӯҳистонии мамлакат дар муқоиса бо тамоми кишварҳои ҳамсоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини пушиши радиоии алоқа мушкилтар буда, сарфи маблағи зиёдро талаб мекунад. Барои таҷдиду навсозии як 1 истгоҳи базавии алоқа чандин ҳазор доллар масраф мешавад. Ба ин нигоҳ накарда бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо операторони мобилӣ  самти ислоҳоти соҳаро ҷиддан идома медиҳад.

Гузашта аз ин иҷозатномадорони алоқаи барқӣ бо ташаббусу мусоидати Хадамоти алоқа дар истигоҳҳои базавӣ генераторҳо, дизелҳо ва аккумуляторҳоро марҳила ба марҳила насб ва роҳандозӣ карда истодаанд. Ҳадафи он таъмини истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо  қувваи барқ дар ҳама фаслҳои сол мебошад. Бо ин мақсад аз ҷониби ширкати ТСЕЛЛ 500 адад аккумулятор барои фаъолияти бемайлони  истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ харидорӣ шуда, ба истифода додани онҳо идома дорад.  Айни ҳол чандин адади онҳо дар истгоҳҳои базавии алоқаи барқии шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва дигар навоҳии мамлакат насб шуданд.  Дар ин замина тамоми операторони  алоқаи барқӣ  бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи дизел-генератор ва аккумуляторҳо шартнома ба имзо расонида то охири моҳи майи соли ҷорӣ дастрас ва ба истифода дода мешаванд. Ин иқдом яке аз талошҳои омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 низ арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин ҷиҳати санҷиши сифати алоқаи мобилӣ ва суръати интернет дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва таъмини алоқаи барқии муваққатӣ дар замону макони лозимӣ аз ҷониби ҳар оператори мобилӣ 2 адад истгоҳҳои сайёри базавии алоқаи барқӣ харидорӣ ва мавриди истифода қарор доранд.

Аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид ва баъд аз иҷрои муқаррароти қонунӣ дар ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 19 апрели соли 2023 қабул шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рақобати озод, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, мусоидат дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ, истифодаи имконияти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи «ҳукумати электронӣ», қабули якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ таҳия ва барои қабул ба парламенти мамлакат пешниҳод шуда буд.

Тасвиби ин қонун ба рушди соҳаи алоқа такони ҷиддӣ бахшида, заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқиро бо назардошти талаботи муосир фароҳам месозад. Ҳадафи дигари қабули қонуни нав таҳкими хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ, таҳкими ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷозатномадор ва истифодабарандагони соҳаи алоқаи барқӣ, таъмини рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи субъектони соҳа, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ шарҳ дода шудааст.

Хамадоти алоқа бо мақсади навсозӣ ва ислоҳоти соҳа дар ду соли ахир робитаҳои байналмилалиро афзоиш дода, бо чандин ширкатҳои байналмилалии марбут ба соҳа ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Чунончӣ моҳи декабри соли 2023 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар доираи ин Ёддошти ҳамкорӣ ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди системаи тиҷорати электронӣ, дастрасӣ ба интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, таҳкими шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) амалӣ шуда истодааст. Пештар аз ин байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати русии «Цифра» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Ҳамчунин моҳи декабри соли 2023 Хадамоти алоқаи назди Њукумати Љумњурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар доираи муқаррароти ин Ёддошти ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки таҳқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад.

Дар аввали соли 2024 байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду ширкати байналмилалӣ, ки дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият  мекунанд, ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расид.  Ин ширкатҳо Hytera ва Baicells буда, дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати корбурд ва истеҳсоли технологияи алоқаи барқӣ, махсусан ҷорӣ намудани шабакаи насли панҷум (5G), ҷойгоҳ ва мавқеи барҷаста доранд. Бо назардошти зарфиятҳо ин ширкатҳо Хадамоти алоқа ҳавасмандӣ нишон дода, бо онҳо ёддоштҳои ҷудогона тафоҳум имзо намуд.

Ҳамаи ин дастоварду пешравиҳои соҳаи алоқа нишон медиҳад, ки ин соҳаи ҳаётан муҳим дар ҳоли рушду такомул аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ  бо дарки рушди бемайлони алоқаи барқӣ  ва аҳамияти ҳаётии он пайваста дар талош ислоҳоти соҳа ва баҳрабардории судманд аз он мебошад.

Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа муборак!!!

Бознашр аз Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram