29-31 май дар Тоҷикистон ҷаласаи 69-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори соҳаи меҳнат таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо назардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар кори он масъалаҳои муҳими оморӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омори давлатҳои аъзо ва нақшаҳои минбаъдаи Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул мегарданд.
Гуфта шуд, ки директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 роҳбарии Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дорад.
Дар назар аст, ки дар он масъалаҳои марбут ба пайгирии навгониҳои илмӣ дар раванди гузариш ба стандартҳои нави омори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва таъсири он ба ҷараёнҳои муҳоҷират, мақом дар шуғл ва ченкунии даромад аз шуғл ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ баррасӣ гарданд.