РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси вилояти Суғд бо намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо бо намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд

Таъкид гардид, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дорад. Ҳамкории тарафҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноати куҳӣ-металлургӣ назаррас буда, байни ду кишвар табодули маҳсулот сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Маълумот дода шуд, ки дар вилояти Суғд бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат, аз ҷумла саноати куҳкорӣ, истизроҷи ангишт, коркарди пахта рушд карда, вилоят метавонад дар ин замина ҳамкориҳоро тақвият бахшад.

Дар мулоқот ҳамзамон ба масъалаҳои ҷалби сайёҳони чинӣ ба вилоят, густариши робитаҳо дар бахшҳои маорифу тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ, таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чин ҳавасмандӣ зоҳир гардида, аз натиҷаи вохӯрӣ протокол ба имзо расонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram