18 майи соли 2024 ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон бахшида ба Рӯзи байналмилалии гуногунии фарҳангӣ баргузор гашт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳошияи ЭКСПО аз ҷониби Сафорат намоиши муд ташкил карда шуд, ки дар он либосҳои миллии тоҷикӣ, чакан ва атласу адрас ба меҳмонон намоиш дода шуда, оид ба таърихи ғании пайдоиши нақшҳои гулдӯзӣ маълумот пешкаш гардид. Гузашта аз ин, ҳунарманди тоҷик бо дутор табъи иштирокдоронро бо иҷрои мусиқии анъанавии тоҷикӣ болида намуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ЭКСПО Сафорат гушаи фарҳангии миллиро оро дод, ки дар он сару либосҳои миллӣ, сузанию кундал ва асбобҳои мусиқии миллӣ ба намоиш гузошта шуда, ба тамошобинон маълумот оид ба таъриху фарҳанги ғании тоҷикон пешкаш гардид.