РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.

Мо ба шахсияти арбоби барҷастаи давлатӣ Сайидиброҳим Раисӣ арҷ мегузорем ва нақши ӯро дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳалли масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ қадр мекунем.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони шаҳидшудагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро изҳор гамуда, аз Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram