РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон оғоз мегарданд

Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мегарданд, иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанги мамлакат.

Аҳли фарҳанги мамлакат, иборат аз 110 ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба Озарбойҷон сафар намуд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон то 23 май идома меёбанд. Дар доираи он барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳамчунин дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ Рӯзҳои китоби тоҷик низ доир мешаванд.

23 май дар шаҳри Ганҷа барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик пешниҳод мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram