РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардид

28 май дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилӣ, генерали политсияи Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории муштарак дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, такмил додани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳалли мушкилот, вазъи ҳуқуқӣ, беҳтар намудани шароити будубош ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия гуфтушунид ва табодули афкор доир шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ибрози итминон намуданд, ки барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот, ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос омода мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram