28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме шакли муосир дошта, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳанд шуд.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳои истиқоматӣ марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа, дар ҳавлии биноҳои 16-ошёна, ки барои хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.
Аз рӯйи нақша, дар ин биноҳо барои зисту фароғати хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ва оилаҳояшон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад ва масъулияти онҳоро дар иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам баландтар хоҳад намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шаванд то ки солҳои зиёд ба хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат намоянд.