Бо чунин унвон китоби доктори илмҳои филологӣ, декани факултети филология, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ аз чоп баромад. Китоби мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Китоб маҳсули андешаҳои муаллиф буда, дар бораи зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Сотим Улуғзода қисса мекунад. Китоб дарбаргирандаи мавзуҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла “Чеҳраҳои адабию фарҳангӣ дар таҳқиқоти Сотим Улуғзода”, “Дақиқӣ — гӯяндаи ҳамосаи миллӣ”, “Абулқосим Фирдавсӣ – бузургтарин ҳамосасаройи миллӣ”, “Абӯалӣ ибни Сино – файласуф, олим ва табиби бузурги тоҷик”, “Носири Хусрав – мутафаккир ва суханвари бузурги тоҷик”, “Саъди Шерозӣ – адиби кашшоф ва орифи форсу тоҷик”, “Аҳмади Дониш — аввалин маорифпарвари тоҷик”, “Садриддин Айни дар шинохти Сотим Улуғзода мебошад.
Тавре муаллиф менигорад: “Сотим Улуғзода аз адибони навовару хушсалиқа ва соҳибсабки тоҷик аст, ки тайи ҳафт даҳсола хазинаи адабиёти миллиро боғановату шукуҳманд гардонидааст”.
Китоби мазкур ҳамчун воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олӣ пешниҳод карда шудааст.