5 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Аъзои ҷаласа дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ин марказ маблағгузорӣ мешаванд, шинос гардиданд. Дар кори он олимону намояндагони соҳаҳои илмиву техникии ҷаҳон, аз ҷумла президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази илмии ҷумҳурӣ ҳамкории худро бо аксарияти муассисаҳои илмии давлатҳои ҷаҳон тақвият дода, барои рушди зинаҳои гуногуни соҳа тадбирҳои саривақтӣ меандешад.