РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Каролина Милов: «Барои мо 10-15 соли дигар боқӣ мондааст, то барои ҳалли мушкилоти экологӣ тадбир андешем»

«Баргузории Форуми III минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ ниҳоят муҳим аст. Он имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳимро дар сатҳҳои гуногун баррасӣ намуда, минбаъд чӣ гуна идора кардани захираҳои обиро дида бароем»,-гуфт зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари барномаҳои Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалии (GIZ) Осиёи Марказии Сабз Каролина Милов.

«Мо бо мушкилот ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаем, дар ин масъала ба мо барои баррасӣ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ бобати ҳалли мушкилоти экологӣ 10-15 соли дигар боқӣ мондааст. Ин гуна чорабинии муштарак имкон медиҳад, ки ҳамкориро пурзӯр намоем. Шуроҳои созмонҳои ҳавзавӣ бештар ҷамъ меоянд ва ҷамъият дар ҳалли мушкилот иштирок менамояд. Фикр мекунам, ки қадам ба қадам мо ба дастовардҳои бештар ноил мегардем»,-изҳор намуд Каролина Милов ва афзуд, ки чорабиниҳои қаблан гузаронида ва тадбирҳои андешида шароит фароҳам оварданд, ки баъзе тағйирот ба амал оянд.

«Барои расидан ба ҳадафҳои гузошта иқтидори мутахассисон дар самти идораи захираҳои об афзуда, қарорҳои бештар асоснокшуда ва ба амалия нигаронида таҳия гардида, бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад, ҳуқуқ ва имконияти занон, ҷавонон, намояндагони қишрҳои осебпазири ҷомеа васеъ мегардад»,-иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram