Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Дэннис Фрэнсис Конфронси сеюми оби Душанберо лаҳзаи калидӣ барои таҳкими кӯшишҳо ва уҳдадориҳо дар самти идораи яке аз арзишмандтарин захираҳои табиӣ номид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Конфронси оби Душанбе лаҳзаи калидӣ барои таҳкими кӯшишҳо ва уҳдадориҳои мо барои идораи яке аз захираҳои табиии арзишмандтарини мо мебошад», — навиштааст Дэннис Фрэнсис дар саҳифаи расмии худ дар Х.
Ёдовар мешавем, ки 9 июн Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Дэннис Фрэнсис барои иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ба Душанбе омад.
Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Барои иштирок дар Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин, Муовини Президенти Ҷумҳурии Замбия хонум Мутале Налуманго, Мудири иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана, Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ, муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва дигар меҳмонони воломақом даъват шудаанд.
Тибқи маълумот, барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ қариб сесад нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.