Иқтидори истеҳсолию саноатии Тоҷикистон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар «Dushanbe EXPO Centre» — Маркази намоишгоҳи шаҳри Душанбе ба маърази иштирокдорону меҳмонони ин чорабинии сатҳи баланд гузошта шуд, хабар доданд аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоиши иқтидори истеҳсолию саноатии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва муаррифии он ба меҳмонон ва ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуд. Он имкон медиҳад, ки ба ин васила ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар оянда бо давлатҳои хориҷӣ тақвият дода шавад.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию саноатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ маҳсулоти ватаниро ба намоиш гузоштанд.
Намоишгоҳи дастовардҳои саноатии Тоҷикистонро беш аз 2000 нафар аз ҳайатҳои расмии 120 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 созмони минтақавию байналмилалӣ тамошо намуданд.
Ташкили чунин намоишгоҳи байналмилалӣ ба муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, афзоиши номгӯй ва ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ марбут аст.
Ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ, инчунин техникаҳои кишоварзии Тоҷикистон дар майдони кушоди намоишгоҳ ба намоиш гузошта шудаанд.
Намоишгоҳи саноатии Тоҷикистон дар Маркази намоишгоҳи шаҳри Душанбе то 13 июн идома ёфта, сокинон ва меҳмонони пойтахт низ имкон доранд бо маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон шинос шаванд.