11 июн дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Пешвои миллат – муаррифи илми муосири тоҷик дар арсаи байналмилалӣ» ҳамоиш баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ҳамоиш дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат баргузор шуда, иштирокдорон аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илми мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзии насли наврас ва олимони ҷавони мамлакат ёдовар шуданд.
Иброз гардид, ки суханронии арзишманду пурмуҳтавои Президенти ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамчунин тақвияти сифат ва самаранокии таълиму тарбияи мутахассисони илмӣ дар байни донишҷӯён, магистрантҳо, муҳаққиқони ҷавон роҳнамо барои ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.