РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафирони СММ аз корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон дидан намуданд

12 июни соли ҷорӣ дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, намояндаҳои доимии кишварҳои Баҳрейн, Ливия, Ҷумҳурии Доминикан, Гаяна, Индонезия, Африқои Ҷанубӣ, Чили ва Палау дар СММ бо мақсади шиносоӣ аз имкониятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатии кишвар аз ширкатҳои истеҳсолии ҶДММ Арвис ва Сиёма дидан намуданд.

Зимни боздид, меҳмонон аз зарфияти кори ин корхонаҳо, тарзи истеҳсоли маҳсулотҳои босифат, истифодаи техналогияҳои пешқдам ва дигар фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ба роҳбарияти ширкати ватании “Авесто-Гурӯҳ” ҷиҳати ташкил намудани ин боздид изҳори сипос менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram