18 июн дар ҳошияи Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа» форум баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зоир Мирзоев, ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдуразоқов, ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалҷон Маҳмудалиев, губернатори вилояти Пензаи ФР Олег Мелниченко, ноиб-президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Падалко Владимир, муовинони як қатор вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишварҳои дӯст, сафирони кишварҳои гуногун, соҳибкорону сармоягузорони дохилу хориҷ иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, ташкили Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ва форуми мазкурро як қадами муҳим дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо арзёбӣ кард.
Ӯ ташкили чунин ҳамоиши сатҳи баландро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи умумӣ – рушди минтақа ва таъмини зиндагии шоистаи мардумонамон муҳим дониста, қайд намуд, ки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда барои боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши табодули молу маҳсулот бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад. Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» майдони хубе барои роҳандозии ташаббусҳои нав ва баррасиву татбиқи тарҳҳои муштарак мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисоду савдо, саноату кишоварзӣ дар вилояти Суғд рушд кардааст. Имрӯз вилояти Суғд бо тамоми ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳамкории судманд дошта, бо зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад.
Вилояти Суғд дорои иқтисодиёти гуногунсоҳаи рушдёбанда буда, дар он ҷиҳати пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар вилоят зиёда аз 1000 корхонаи саноатии хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол ва як қисми он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят 3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, барои тоҷирону сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъриху анъанаҳои бостонӣ, мавқеъи мувофиқи ҷуғрофӣ, замини пур аз захираҳо, заминҳои ҳосилхез, иқлими мусоид, қувваи кории соҳибихтисос, фазои ҷолиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бартариҳои бузурги вилояти Суғд мебошанд.
Бо назардошти ин, Раҷаббой Аҳмадзода изҳори итминон кард, ки дар рафти намоишгоҳи байналмилалӣ соҳибкорони мо имкон пайдо мекунанд, ки бо намояндагони тиҷоратии кишварҳои иштироккунанда мулоқот намуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судмандро баррасӣ намоянд.
Дар идомаи кори форуми байналмилалӣ намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои гуногун, роҳбарони институтҳои молиявӣ сухан гуфта, Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024»-ро имконияти хубе барои густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ карданд.