РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Соли 2025 Душанбе мизбони Форуми VIII коршиносони Осиёи Марказӣ мегардад

Соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми VIII коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин хусус зимни баргузории Форуми VII коршиносони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Осиёи Марказӣ ҳамчун меҳвари боварӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ дода шуд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Ҳамоишро Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон (KISS), Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) ва Фонди Фридрих Эберт (FES) дар Қазоқистон ба таври муштарак доир намуданд.

Дар ҳамоиш роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, роҳбари UNRCCA, инчунин директори Бунёди Фридрих Эберт (FES) дар Қазоқистон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон- директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи форум густариши фазои эътимод байни кишварҳои минтақа дар самти сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, коршиносӣ ва ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш дар мавзуи «Осиёи Марказӣ- ҳамчун фазои суботу рушд» маъруза намуд.

Иброз гардид, ки пайванди байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, сарфи назар аз печида будани равандҳои муосир, таҳкиму густариши худро идома медиҳад. Натиҷаҳои дар ин роҳ ба даст овардаи кишварҳои мо асосан ба шарофати мубодилаи зуд-зуди афкори раҳбарони онҳо ва ҷомеаи коршиносон ба даст омадаанд. Кишварҳои минтақа барои мусоидат ба таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ дар минтақа чӣ дар доираи ҳамоиши минтақавӣ ва ҳам дар дигар маконҳои мувофиқ омодагӣ нишон медиҳанд. Қолаби нишасти минтақавии сарони давлатҳо, ки дорои иқтидори зиёди ҳамоҳангсозӣ ва иртиботӣ барои мусоидат ба рушди фаъоли робитаҳои бисёрҷониба ва ҳамкории васеъ мебошад, натиҷаи ҳамин ҳамкории судманд аст»,-изҳор дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки мувофиқи ҳадафҳои рушди устувори ҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои кишварҳо оид ба татбиқи нақшаҳои тағйирёбии иқлим, рушди иқтидори истеҳсолии «сабз» аҳаммияти хоса пайдо мекунад. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки эҳтиёҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дастрасии онҳоро ба об, энергияи «сабз» ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза қонеъ гардонад.

Чорабинӣ дар арафаи нишасти VI машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи августи имсол дар Остона баргузор мешавад, доир шуд. Дар натиҷа дар чаҳорчӯби ҷаласаи ҳамоиш дар асоси мавқеъҳои муштараки коршиносон барои баргузории ин чорабинӣ доир ба масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ пешниҳоду тавсияҳои амалӣ таҳия карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram