РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид

18 июн Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халқи музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ли Сяоин, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши занони Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Тавре аз Маҷлиси миллӣ хабар доданд, ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи мамлакатҳоро баррасӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсояи ҷуғрофӣ ва шарикони стратегӣ муносибатҳои дӯстонаи худро дар асоси эҳтиром, хамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳким мебахшанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мубодилаи афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram