Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 21 июн дар Алмато пешниҳод намуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон Маркази вокуниши гуманитарии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таъсис дода шавад. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти марказ ҷиҳати вокуниши фаврӣ ба таҳдиду чолишҳо ва буҳронҳои башардӯстона (гуманитарӣ) нигаронида хоҳад шуд.