6 июл бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор мегардад. Дар озмун ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок намуда, ҳунари кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ, заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, попурӣ, намадбофӣ, қолинбофиро муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
Озмун соати 8:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, он ҷиҳати иҷрои банди 33 «Ҷадвали баргузории чашну солгард, фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» амалӣ мегардад.
Ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти онҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон мебошад.