Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Ба имзо расидани бастаи санадҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ низ дар нақша аст.